Н.ХУСРАВ. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ падидаи накӯест дар дунёи ҳунар, ки дар кишвари мо ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.
Насли ҷавони кишвар аз ин иқдоми Пешвои миллат сипосгузоранд, зеро Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ имконоти воқеъӣ дорад ва мо метавонем ҳунарҳои миллиро рушди тоза бахшида, ҳазорҳо нафар ҳамватанонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намоем ва тавассути дастранҷи бонувони ҳунарманд миллатро дар дунё муаррифгар бошем.
Тарроҳону ҳунармандони кишварро мебояд ҳарчи беҳтару бештар либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мухталифу эътирофгардидаро ба аҳли ҷомеа пешниҳод намоянд то занону духтарон ва ҷавонони мо ба бегонпарастӣ роҳ надода, либосҳои милии худро ба бар кунанд ва миллатро ба ҷаҳониён маҳз бо либосҳои миллӣ шиносонанд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳунарҳои сунатии миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳимми фарҳанги маънавии муосир маҳсуб меёбад.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сангоба” ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари миллат» бо иштироки васеъи ҷавонону наврасони маҳалла баргузор гардид.
Мақсад аз баргузори ҳамоиши мазкур ин эҳёи корҳои хонагӣ ва бо ин васила паст кардани шиддати бекориву камбизоатӣ, рушди иқтисодиёти ҷомеа мебошад.
Дар ҳамоиш маҳсули дастони сокинони маҳаллла аз ҷумла чакандӯзӣ, атласдӯзӣ, сохтани асбобоҳои рӯзгор, ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона, нақши муссавараҳо, гулдӯзӣ, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунарҳои ҷолибу диққатҷалбкунанда баҳои сазовор дода, ғолибон бо Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.