БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲУ ВАҲДАТ ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ СОҲИБДИЛАМ

АНДЕША: Тоҷикистон кишвари бузургест , ки саропо меҳрофарину дилнишин аст ва ваҳдати  он барои мо рамзи олии ватану ватандорист. Ваҳдат беҳтарин неьмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, хастии инсон дар ҳар замину замон  аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.  Худшиносӣ ва худогоҳии милли гуё пандест аз гузашти дурру пешрафти маьнавиёти кишвар, ки бо роҳи ваҳдат якдигар фаҳми истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонад. Танҳо дар сурати Ваҳдат душвориҳо ва монеъаҳо паси сар мешаванд.

Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Чуноне ки Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд «Ҳар касе ниҳоле сабзонда бошад медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад аммо ниҳоле низ ҳаст,ки ҳамеша меваи ширин ба  бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем. Ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид мо ҳаргиз роҳ надием , ки дигар теша ба решаи он расад».

Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Зеро дар давлате,ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз гулгул мешукуфад ва иқтисодиёташ меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишиҳои Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони  мо сарҷам омад. З-ин ру мо ҷавонони замони истиқлолиятро мебояд шукргузори замони сулҳу осоиштагии ин давлат кунанд, чун,ки бо побарҷо будани ваҳдати миллӣ дар канори оилаи худ тинҷу ором зиндагӣ мекунему дар муассисаҳову донишгоҳҳои замонавӣ таҳсил намуда, дар боғу гулгаштҳои зебову дилнишини ин кишвари маҳбуб осуда қадам мениҳем.

 Имрӯз мо кормандони КИ ҲХДТ-ро мебояд ки халқи шарафманди тоҷикро барои саҳм гузоштан барои ободии кишвар водор намуда, насли наврасро дар рӯҳияи садоқатмандӣ, ватандӯстӣ, механпарастӣ, хештвншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Бигзор, ба бахти ҳар яки мо сулҳу ваҳдати миллат пойдор бошаду осмонаш беғубор.    

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.        

Дар миёни қавмҳо пайваствги моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Қосимова Назокат-муовини раис-мудири шуъбаи  ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg