
А.ҶОМӢ: Дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади муайян намудани шаҳодатномаҳои ҳизбии аъзои ташкилоти ибтидоии “ШАҲРАК” ба ташкилоти ибтидоии мазкур ташриф оварданд.
Зимни санҷиши шаҳодатномаҳои ҳизбӣ маълум гашт, ки ҳамаи аъзои ташкилот бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ таъмин мебошанд.
Масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ба танзим дароварда шудааст ва ҳоло камбудӣ дар ташкилоти мазкур дида намешавад.