БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «РАЁСАТИ МОЛИЯ»

ҶАЙҲУН: Тибқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Раёсати молия" бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси мазкур ду масъала, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Раёсати молия" Гурезода Давлат ва масъалаи аз нав интихоб кардани раиси ташкилот баррасӣ карда шуд. Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод оғоз намуда аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи Гурезода Давлат оиди фаъолияти ташкилот дар шаш моҳи соли 2021 шунида шуда, вобаста ба пешрафту камбудиҳои ҷойдошта суханронӣ намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюм  қайд гардид, ки  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз нав интихоб карда шавад.

    Бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия” бори дигар Гурезода Давлат раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg