БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН:  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии « Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона » маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод иштирок дошт.

Дар маҷлис дар баробари баррасии бурду бохти кормандони ташкилоти ибтидоӣ ваколати раиси собиқи ташкилоти ҳизбӣ Буриева Дилором бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш қатъ гардида, мудири тозатаъини Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона Латифзода Хушрафтор раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Сипас аз тарафи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод барои ба тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориҳои ташкилот тибқи китоби роҳнамоии ташкилотҳои ибтидоӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати шоиста истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои мушаххас дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg