БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

ҲАМАДОНӢ: Бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, Давлатов Абдулло дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ  ва  бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланди деҳа, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ зиёда аз ду километр роҳҳои байни деҳаи Меҳнатобод мумфарш карда шуданд.

        Зимни суҳбат  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Давлатов Абдулло қайд карданд, ки мо дар арафаи ҷашнвораи бузурги таърихӣ 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин давра барои расидан ба ҳадафи олии рушди кишвар, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар заминаи таъмини пешрафти босуръати иқтисодӣ ба дастовардҳои намоён моил гардидем.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg