
Н.ХУСРАВ: Бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои таблиғотву ороишӣ ва ободонию бунёдкорӣ дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳои ноҳия ҳаматарафа ба роҳ монда шудааст.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дар шоҳроҳи даромади ноҳия 4 адад шиору овезаҳои сарироҳии калонҳаҷми таҷассумкунандаи 30- солагии Истиқлоляти давлатӣ дар ҳудуди деҳаи Олтинсой ҷамоати деҳоти «Истиқлол,дар шоҳроҳи даромади ноҳия, насб карданд.