
Н.ХУСРАВ: Бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия бо маром идома дорад. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Дурахшон» бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани симои боғи фарҳангии ноҳия Аксияи ҳизбии «Тозагии маҳал» баргузор намуда, шоху навдаҳои дарахтони боғро тоза ва батартиб дароварда, зери дарахтонро нарм карданд. Ҳамчунин, атрофи роҳравҳои боғро аз алафҳои бегона тоза карданд. Аъзои ҳизби ташкилот иқдом гирифтанд, ки то истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлоляти давдатӣ мунтазам аксияҳои тозагӣ баргузор намуда, дар ободиву шукфоии ноҳия саҳми босазо мегузоранд.