БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Н.ХУСРАВ: Масъулини Кумитаи  иҷроия бо  мақсади  баргузории  амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори  ман»  дар  ташкилоти  ибтидои «Мактаби  мусиқӣ»  муташаккилона доир намудани  чорабини мазкур  корҳои амалиро   иҷро  намудаанд. 

   Масъулини  Кумитаи  иҷроия ин  навбат шаҳодатномаҳои ҳизбии  кормандони Бахши фарҳангӣ  ноҳияро -ро  азназар  гузаронида, ҳолати мавҷуда  ва қайди  супоридани  аъзоҳақкӣ, сари  вақт  иваз   намудани шаҳодатномаҳои  пуршударо  санҷида баромаданд.   Ҳамаи  кормандони  ташкилоти  ибтидоӣ  аъзои ҳизб  буда,  сари  вақт  аъзоҳақки  худро  месупоранд. Қарздорӣ  мавҷуд  надорад.  Ҳуҷҷатҳои дохилиҳизбӣ санҷида шуда, барои  ислоҳи  камбудиҳои  ҷойдошта  маслиҳатҳо дода  шуд.

    Масъулин  қайд  намуданд, ки  узвият  ба  ҳизб садоқат  ба  Ватан ва  давлат буда , ба  шаҳрванд мақоми  сиёсӣ дода, ба  ӯ ҷиҳати  иштирок саҳмгузории  бевосита  дар  идоракунии  муносибатҳои  сиёсӣ имконият  фароҳам  меоварад. Барои  ҳар  як  шаҳрванди  Тоҷикистон  аъзои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон будан боиси  ифтихор   ва сарфарозӣ  мебошад, зеро  роҳбари  ҳизб   Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  мебошад. Ҳизб бо  ҳадафҳои  созандаи  худ дар  байни  мардум  ҳамчун ҳизби  халқӣ  маъруфу машҳур  мебошад.   Ҳар  як  аъзои  ҳизб бо  шукургузори  аз чунин  фазои ободу  зебо ва пушбони  аз  сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳури  Тоҷикистон ,Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар  роҳи  ҳифзи  муқаддасоти  миллӣ ва  муарифии  кишвар дар  арсаи  байналмиллӣ саъю  кӯшиш менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg