
ФАРХОР: Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Самар – транс - 18” ташриф оварда, дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии иштирок намуданд.
Дар маҷлиси ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба фаъолияти шашмоҳаи ҳизбиёни ташкилот шунида шуда, Гулаков Ғайратшо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.