
ДӮСТӢ: Бо ташаббуси Кумитаи падару модарон ва дастгирии аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, дар гимназияи давлатии ноҳияи Дӯстӣ таъмири капиталии бинои муассиса оғоз карда шуд.
Аъзоёни Кумитаи падару модарон азм доранд, ки то оғози соли хониш, 1-сентябри соли 2021 таъмири биноро ба анҷом расонида ба истифода диҳанд, ки ин туҳфаи хубе ба омӯзгорон ва хонандагони гимназия дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.