БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲУ ВАҲДАТ ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ СОХИБДИЛАМ

АНДЕША: Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворро аз тадбирҳои омодагӣ ба истикболи 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст.  Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибистиклолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллат дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургеро иҷро намуд. Зафарманди Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имруз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон алоқамандии зиёд дорад. Бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, хамчун Рохбари давлат, боис гашт, ки Тоҷикистон кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Ҳоло ки мо дар арафаи ҷашни мубораки миллиамон – Рӯзи Вахдати миллӣ қарор дорем, хушбахтона хиради азалӣ ва рӯҳи бузургони гузаштаи миллати тоҷик имкон дод, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид ва дар ин Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлат интихоб гардида, миллати парокандаи тоҷикро аз сарсонию саргардонӣ ва  давлатро аз нобудшавӣ раҳоӣ бахшид.

       Ин иҷлосия,ки баъдан дар таърихи навини халқи тоҷик бо номи иҷлосияи тақдирсози шонздаҳум сабт гардид, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи нооромии кишвар нақши бузурги таърихӣ бозида, роҳу сарнавишти миллату давлати тоҷиконро муайян намуд.

Оре, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Харгиз фаромуш набояд кард, ки танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошанд. Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими Истиқлолияту  Ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузорем, онгоҳ дар миёни давлатҳои мутараққии ҷаҳон мавқеи сазоворро пайдо хоҳем кард.

 Бо ин нияти нек, аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми меҳнатқарини Қубодиёни куҳанбунёдро бо ҷашни 24-умин солгарди   Ваҳдати милли самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар фарди ноҳия хонаи обод, сиҳатию саломатӣ, шодию фараҳ, дастархони пур зи нозу неъмат ва дар корҳои ояндаашон баҳри пешрафту инкишофи кишварамон бурдбориҳо таманно менамоям.

Ҷумаев Алиҷон Ҳамзаевич, Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg