БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОН ИДОМА ДОРАД

ЁВОН: Бо мақсади расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандон ва аъзои гурӯҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори ҷамоати шаҳраки Ёвон бо сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.

         Дар вохӯрии мазкур Эмомхатибон, раисони Кумитаҳои маҳал, вакилони ҷамоат, директорони муасисаҳои таълимӣ ва ҷавонону занон иштирок доштанд.

         Маҷлисро раиси ҷамотаи шаҳраки Ёвон Ашурзода Н.оғоз намуда, рӯзномаи матраҳшавандаи маҷлисро ба ҳозирин фаҳмониданд.

         Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода С. ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалияиноки ҲХДТ ва нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат баромад намуданд.

         Аз ҳамаи фаъолони ҷамоат даъват ба амал оворда шуд, ки дар байни сокинон, хосса ҷавонон корҳои тарғиботиро ҷоннок намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg