Фаъолият бояд назаррасу натиҷадеҳ бошад

ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдикгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии «Нилуфар» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12 майи соли 2018 бармеояд ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Баъд аз баргузории вохӯрӣ масъулин бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, ташкили шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Нилуфар» шинос гардида, ҷиҳати  бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg