ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев бо аъзои ташкилоти ибтидоии Коллеҷи тиббӣ баргузор шуд .
Зимни вохӯрӣ Исмоил Гадоев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор баромад кард. Гадоӣ Сайдалиев бошад дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки 3-4 уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва ҳамкорӣ Аврупо ва дигар шарикони рушд дар мавзўъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгарои хушунатомез» баргузор гардид, суханронӣ намуд.
Пас аз вохӯрӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи тиббӣ” шинос шуда, ба шахсони муттасадӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судманд доданд.