БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ САВГАНДИ ВАФОДОРИСТ

АНДЕША: Таҳлили Рӯзи Вахдат  чун як санаи  сарнавиштсози миллату давлат, сабаrи таърихиест, ки  наслҳои имрӯзу фардо дар кулвори зеҳну тафаккури худ бояд ҳифз кунанду аз он пуштибонӣ намоянд. Имрӯз замимаи Ваҳдат  дар калбу рӯҳу xонҳо бо оҳанги савганди вафодорӣ ба Ватан садо медиҳад.  Ин ҳадяи таърих ва тақдир буд, ки  миллатро аз хатари  нестӣ эмин дошт ва имрӯз роҳнамоест,ки ояндасозиҳою шукуфтанҳо. Ваҳдат кафили рушду нумуи кишвар, таҳкимбахши пояҳои  давлату давлатдорӣ, пойдории арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни миллат аст.

Таърих гувоҳ аст, ки  мо борҳо аз санҷиши сангини сарнавишт гузашта фарҳангу тамаддуни худ, арзиш ва асолати миллиро аз даст надодаем. Баракс ҳама ихтилофҳо, набардҳо, нокомиҳо моро ба пирӯзиҳо расондаанд ва охирин санҷиши  сарнавиштсоз  тавонист нақшаҳои  бадхоҳонро ботил созад ва моро ба Ваҳдат орад. Мо дар назди таърих аз имтиҳони  сангину вазнин гузаштаем ва номаи камоли давлату миллатро соҳиб шудаем. Пас кӣ ва чӣ боз метавонад моро аз ин Ваҳдат,  аз ин роҳи бесобиқаи фарҳанги сулҳ боздорад. Агар кесе имрeз ҳам беҳушу бехуд аст, ба ҳуш ояд, ба худ ояд, чашм во кунаду бубинад, ки мо куҷо равонаем?

          Хар нафаре, ки  беҳуш аст, ҳушу ақлу тадбир ба сар гирад ва огоҳ шавад, ки  ҳқиқат куҷост?! Ин худогоҳист!

         Дигар касе ва чизе намотавонад иродаву матонату шарофату рисолати  ин миллату давлатро бишканад, зеро рoҳи  мо роҳи Ваҳдат, Садоқат ва Муҳаббат ба ин ватану миллат аст. Саёҳат Абдулолоева- ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg