ЁВОН: Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия нақша- чорабиниҳо бо мақсади ташкил ва баргузор намудани курси омӯзишӣ барои ҷавонон зери унвони “Созандагони Ватан” таҳия гардида, курси мазкур бо маром идома дорад.
Дарси нуҳуми курси мазкур дар мавзӯи “Кор бо сомонаҳои иҷтимоӣ талаби замон. Паҳлуҳои мусби ва манфӣ” ба роҳ монда шуд. Курси омӯзишӣ дар мавзӯи болозикр аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, Бобобеков Хусрав пеш бурда шуд. Омӯзгор доир ба мавзӯи пешниҳод шуда, ба шунавандагони курс маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар курси омӯзишии “Созандагони Ватан” зиёда аз 30 нафар шунаванда аз ҳамаи коллеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷамъ омаданд. Дар фарҷоми дарс аз ҷониби шунавандагон доир ба мавзӯи пешниҳод шуда, ба омӯзгор саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Иштирокчиён аз дарси имрӯза ба худ як ғизои маънавӣ гирифтанд.