БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ДӮСТӢ: Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои "Найсон" ва "Бадахшон"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ гузаронида шуд.

Нахуст ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии мазкур, Узбеков Н ва Бурҳонов Р, дар шаш моҳи соли 2021 шунида шуд.

Қайд гардид, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани низоми ҳизбӣ ва қабули ҷавонони фаъол ба сафи ҲХДТ корҳо хуб ба роҳ монда шавад.

      Сипас ба чанд нафар мутахасси ҷавон, ки нав ба аъзогии ҲХДТ қабул гардидаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ  супорида шуд.

      Дар анҷоми маҷлис масъалаи аз нав интихоб кардани раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии мазкур баррасӣ гардида, бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон Узбеков Н, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Найсон" ва Бурҳонов Р, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Бадахшон" аз нав интихоб гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg