БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ.....

АНДЕША: Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебои мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Заҳмату кору ҳунар касро намоянд номдор,

Олиҳиммат касс зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.

Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро ба ҷойю ба маврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае ройгон гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад.

Музди меҳнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омухтани ҳунари бузург аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар намоянду ҳунаре омузанд. Бехабар аз он ки омухтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воло мақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бо обрӯ мегардонад.

Тавре бузургон мегуянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».

Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, хамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад хамеша чизеро омӯзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба кассе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ӯ ва ҳам барои худаш манбаи омӯзиш бошад.

Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургӣ бахираду дониши кас вобастагӣ дорад. Бузургон гуфтаанд:

Айбаст, ки дар ҳунар накӯшӣ,

Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамизаст.

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Бекорӣ — вабои тан аст мегӯянд. Модом, ки бекорӣ дард меовардааст, пас ҳар лаҳзаву ҳар соат мебояд омӯхт, ки ҳунари волое ба даст овард.

Хулоса, ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад. Ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст.

Мирзева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg