
ВОСЕЪ: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сил”-и ҷамоати деҳоти Абди Авазови ноҳия бо иштироки масъулини ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис масълаҳои дар рӯзнома буда, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамзамон, Холматов Сӯҳроб, таҳлилгари ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр, ки яке аз ҷавонони фаъол мебошад, аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Дар маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, ба якчанд нафар ҷавононе, ки аризаҳои худро барои аъзои ҲХДТ шудан пешниҳод карда буданд, бо тантана шаҳодатномаи ҳизбиашонро супориданд ва ҳамчунин ба 3 нафар барои хизматҳои шоиста ва саҳми муносиб дар чорабиниҳои ҳизбӣ гузоштан, сарфароз гардонида шуданд.