БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИ ҲИЗБӢ ДАР «ДОТС»

ВОСЕЪ: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» - и ноҳия маҷлиси хисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳитя Сафар Ҳафиза Разоқ доир гардид.

 Дар кори маҷлис раиси ташкилоти мазкур Мирзоев Сафар оид ба фаъолияти ташкилот дар  6 - моҳи сипаригардида баромад намуд. Сипас  Мирзоев Сафар аз ҷониби дигар аъзои ҳизб аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Инчунин, дар ҷараёни ҷаласа дигар масъалаҳо аз ҷумла рафти амалиёти «Шаҳодатномаи ман-ифтихори ман», қабул ба сафи ҳизб, супоридани аъзоҳаққӣ, оиди саривақтии иҷроиши “Обуна – 2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози ҳалқ” ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.

Дар охир якчанд нафар, ки аризаҳои худро барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ пешниҳод карда буданд, аз тарафи Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия шаҳодатномаи ҳизбӣ бо тантана супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg