
АНДЕША: Ваҳдат ба манънои воҳид, якдилӣ сарҷамъӣ фаҳмида мешавад. Вақте, ки мо кореро сарҷамъ ба иҷро мерасонем дар натиҷа аз он манфиат мебинем, дар ин сурат пай мебарем, ки маҳз сарҷамъии мо боиси ҳал гаштани мушкилотҳои азим мегардад. Кам роҳбарон метавонанд, ки зери мафҳуми Ваҳдат мардуми худро сарҷамъ намоянд. Роҳбароне, ки дорои малакаи роҳбарии худод ҳастанд ва медонанд, ки муттаҳидӣ фоидааш калон аст, дар муносибат бештар такя ба сарҷамъӣ менамоянд.
Сарҷамъӣ иттиҳод дар ҳама маврид неруи бузургест, ки бештар дар кор ва ҳатто набардҳо пирӯзиро ба даст меорад. Аз ин лиҳоз шаҳрвандон, бошандагони деҳаву маҳалла, кормандони корхона зери калимаи Ваҳдат якҷо шаванду фаъолият намоянд, ба мақсадҳои ниҳоии худ хоҳанд расид. Аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони вакил буданаш доимо зери мафҳуми Ваҳдат мардуми Тоҷикистонро даъват ба ягонагӣ, кишварсозӣ ва давлатсозӣ таъкид менамуд.
Ҳангоме, ки ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, аввалин кори ӯ баргардонидани шаҳрвандони гуреза ва расидан ба Ваҳдати комил буд. Пешвои муаззами миллат, бо мақсадҳои худ расида, мардуми Тоҷикиро сарҷамъ, истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатро ба даст овард. Имрӯз мо шаҳрвандон корнамоиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк мекунем ва аҳсан мегӯем, ки фарзанди фарзонаи миллат умеду армони аждодони гузаштаи моро амалӣ намуд.
Ваҳадту ягонагии мо барои рушду нумуи давлати ободу зебо мусоидат намуда, имрӯз мо бошандагони Тоҷикистон шукргузорӣ аз Ваҳдат, Истиқлолият ва давлатдории ягонаи хеш менамоем.
Мо назди худ вазифа мегузорем, ки наслҳои ояндаро дар руҳияи Ватансозиву худогоҳӣ тарбия намуд, мафҳуми Ваҳдатро ба онҳо мефаҳмонем. Ваҳдат ва самараи онро ба ҳар як насли наврас таълим дода, мустаҳкам нигоҳ доштани онро таъкид менамоем.
Сафаралӣ Мирзоев –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ