БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА БЕНАЗИР АСТ

«Мусолиҳаи  миллии  мо  дар  таърихи навини миллати кўҳанбунёдамон  дастоварди  бузург  ва  беназир  аст. Аз ин рў, ҳар фарде, ки худро  фарзанди  Тоҷикистон  медонад  ва  қадру  манзалати  Тоҷикистонро  азиз мешуморад, бояд  ба  ин  дастовард  ҳамеша  эҳтиром  гузорад  ва таҳкими  Ваҳдати  миллиро  рисолати  шаҳрвандиву  қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани  он ҳаргиз роҳ надиҳад». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША:  Инак, мардуми шарифи Тоҷикистон  дар арафаи ҷашни муқаддас, яъне  24-солагии  рӯзи  имзои  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қарор  дорад.

Ваҳдати миллӣ-падидаи мураккаби иҷтимоист,ки баёнгари сатҳи ташаккули миллӣ буда, дар ҷавҳари миллат тағйироти сифатӣ ва тавонмандии рақобатпазирӣ ба вуҷуд оварда, афроди миллатро муттаҳиду нерӯҳои зеҳниву ҷисмии онҳоро барои ҳифзи манофеи миллӣ ва расидан  ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ карда, миллатро  ҳамчун  низоми  иҷтимоӣ  ва  сиёсӣ ташаккул медиҳад.

Воқеан ҳам ин ҳуҷҷат, сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Зеро, дар ин рўзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият пайваст, яъне дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия  Созишномаи  умумӣ  дар  бораи  истиқрори  сулҳ  ва  ризоияти  миллӣ  ба имзо расид, ки бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ миёни фарзандони миллат хотима гузошта шуд ва сулҳи бебозгаштро  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  вуҷуд  овард.

Ин  сулҳу  ваҳдат  маҳз  бо  кӯшишу заҳматҳои фидокоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд ва ин неъмати бебаҳоро  ҳар  як  тоҷику  тоҷикистонӣ  бояд  ба  монанди  гавҳараки  чашм  нигоҳ  дорад.

Чунки дар натиҷаи фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати тоҷик дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд, тавонистанд, ки оташи ҷангро дар кишвари  тоҷикон афрӯзанд, мухолифати шадиди мусаллаҳона миқёси даҳшатнок пайдо карда, Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар қонунҳои  ҷорӣ  поймол  гардида, ҷинояткориву  зӯроварӣ  ва  қонуншиканӣ  ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд.

Пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин кори осон набуд.

То ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, музокироти байни тоҷикон  зиёда  аз  се  сол  тӯл кашид.

Дар ин муддат бештар аз бист вохӯри  расмӣ  байни ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони мухолифини тоҷик баргузор гардид.

Пешвои миллат, Президенти  мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шахсан  дар  ҳафт  вохӯрӣ  бевосита  иштирок намуда, бо роҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик масъалаҳои мухталифи вобаста ба Созишномаи сулҳро муҳокима намудаанд.

Натиҷаи  қабули  Созишномаи  умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки сулҳу субботи саросарӣ ва оромӣ дар кишварамон фароҳам омад.

 Маҳз  бо  шарофати  қабули  ин  санади тақдирсоз  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба марҳилаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тараққиёт дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз бахшид.

Зеро, маҳз аз баракати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвари тозаистиқлол имконият фароҳам омад, ки ба сохтмони як силсила иншооти азими аср ҳусни оғоз бахшида, қадамҳои ба хотири таъмини истиқлолияти  энергетикӣ  ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвари  азизамон, инчунин  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми  тоҷик  қадамҳои  устувор  гузошта  шаванд.

Имрӯз  шукр  мекунем, ки дар давлати биҳиштосои мо парчами сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ парафшон аст. 

 Вобаста  ба  ин  ҷумҳурии  соҳибистиқлоли  азизи мо дар марҳилаи сифатан  нави  рушди  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил  ёфтааст.

Санаи 4 июли соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани низоми Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ Фармон имзо намуданд, ки ба ҳайати он 26 нафар намояндагони  ҳукуматӣ  ва  мухолифин  шомил  буданд.

Дар  ҷараёни  музокираҳо  даҳҳо  асноди  ҳуқуқӣ  ба  имзо  расиданд, ки барои  ноил шудан ба мақсадҳои ниҳоии Созишномаи умумӣ вобаста ба барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нақши муайян бозиданд.

Вале дар хусуси нақши як санади муҳими ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсус бояд қайд кард.

Танҳо  баъд  аз  қабули  ин  санад  барои  оғози  фаъолияти  тарафҳои мухолиф дар  ҳайати  Комиссияи  оштии  миллӣ  дар  шаҳри  Душанбе  имконият пайдо гардид.

Маҳз дар асоси Қонуни зикршуда иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардида, парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар маводи таъқибӣ доир ба онҳо қатъ карда шуданд.

Дигар ин, ки бо назардошти аҳамияти масъалаҳои ҳуқуқӣ дар музокироти байни тоҷикон дар сохтори Комиссияи оштии миллӣ бахши махсус – зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он таҳияи  механизмҳои  амалӣ  намудани  масъалаҳои  ҳуқуқии  Созишномаи умумӣ буд.

 Тағйироту иловаҳо, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешуданд, таҳия ва мувофиқа гардида, аз ҷониби  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, тавассути Парламенти кишвар ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуданд.

Дар  натиҷаи  раъйпурсии  умумихалқӣ  тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ворид  карда, ҳамзамон  бо ин интихоботи  Президенти мамлакат дар шароити сифатан нав баргузор гардид. 

 Сипас, мувофиқи низоми муосири интихобот, моҳи феврали соли 2000 Парламенти  нави  касбӣ  интихоб  гардид  ва  ба  фаъолият пардохт.

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки дар доираи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ  мавриди  муҳокимаи  тарафҳо  қарор  дошт, масъалаи  таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо ва беҳдошти вазъи таъминоти моддиву техникии ин мақомот буд.

Бо  мақсади амалан татбиқшавии талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис-тон тағйироту иловаҳо ворид  карда, дар  ҳамин замина ҳокимияти судӣ дар сатҳи конститутсионӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда шуд.

Ҳамин  тариқ, дар  Тоҷикистон  ҳокимияти  мустақил ва пурқуввати судӣ, ки  тақозои  замон  буд, таъсис  ёфт.

Мавриди  қайд аст, ки  бо  мақсади  мӯътадилсозии  вазъи  ҷамъиятӣ-сиёсӣ, расидан ба сулҳу салоҳи пурра ва Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таъмини амнияти давлат ва вобаста ба татбиқи  Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ  ва  ризоияти  миллӣ  дар  Тоҷикистон  бо  ташаббус  ва  ҷонибдории  Сардори  давлат якчанд  маротиба  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  авф» қабул шудааст.

Бояд  зикр  кард, ки  дар  ҳалли  монеаву  муаммоҳо  ва  масъалаҳои ҳуқуқии  ин  раванди  муҳим  ва  тақдирсоз нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ  Раҳмон  хеле  бузург  мебошад.

Омӯзиши  таҷрибаи  сулҳи  тоҷикон  аҳамияти  байналмилалӣ  низ  дорад, зеро он яке аз мавзӯъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшинос ва умуман сиёсатмадорону  ҷомеаи  башарӣ  дар кишварҳои  гуногуни  олам  қарор  дорад.  

 Ва чунон, ки эътироф шудааст, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли низоъҳои  дохилии  миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад.

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем.

Зеро, маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерўҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо тавонистем, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.

Ҳанӯз 27 июни соли 1998  Президенти  Чумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар  табрикоти  худ  таъкид  карда  буданд, «Ба хотири оромӣ ва ояндаи неки  Ватан  ман  чанд  рӯз пештар фармон дар бораи ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ  ва  ягонагии халқи Тоҷикистон ҷашн гирифтани 27 июнро имзо кардам».

Дар  ҳақиқат аз ҳамон рӯз сар карда, Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ сангарҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро гирди дастархони Ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъ овард.

Ин санади тақдирсоз умеди зиндагӣ ва ояндаи некро дар дили халқи мо бедор кард.

Дар  марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, тамоми дастоварди Тоҷикистонро  бо  мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста  медонем.

Бо шарофати сулҳу субот ва Ваҳдат, ки бо хираду заковати азалии миллатамон, иродаи кулли мардуми тоҷик, инчунин мадади беғаразонаи кишварҳои  миёнарав  муяссар гардид, ки дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон  рушди  устувори  иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таъмин, нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ баланд гардад.

Имрўзҳо фурсате расидааст, ки барои дар замири ҳар фарди кишвар, новобаста аз миллату нажод, эътиқоди диниву мазҳабӣ ҷой додани эҳтиром ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои Ваҳдати миллӣ корҳои воқеиву доимиро дар сатҳи арзишманд ба роҳ монда шаванд ва набояд, ки ин амал характери маъракавӣ касб намуда, танҳо  дар  рӯзҳои  таҷлили Ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад.

Сулҳи  ба дастомада бояд ҳамеша дастури амал барои зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ бошад.

Имрӯз дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон меваҳои шаҳдборе ба бор овардааст.

Чун як фарзанди бонангу номуси миллат, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям,ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди фарзонаву бузурги  ин  сарзамин  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидааст.

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд,

Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.

Паи ваҳдат бикӯшид он,ки меҳри Тоҷикистон дошт,

Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

 Бовар дорем, ки ин Созишнома барои сиёсати байналмилалӣ ҳамчун сабақи  таърихӣ  ва  ибратомӯз  боқӣ  мемонад.

Муҳаммаддовуд  Ҳалимзода-раиси  Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg