БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИТОБИ « ТОҶИКОН»- ШИНОХТИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИК

Н.ХУСРАВ:  Масъулини  Кумитаи иҷроия бахшида  ба истиқболи  30-  солагии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, таблиғи ғояҳои  ифтихори  миллӣ ва  ватанпарастии  ҷавонон,  ҳифзи  ҳуввияти  миллӣ, арзишҳои  волои  миллати  куҳанбунёди  тоҷик, баланд  бардоштани  сатҳи  маънавиёти  ҷавонон, бедор  намудани  ҳисси  худшиносии  миллӣ, таблиғи  дастовардҳои   миллӣ, мустаҳкаи намудани  пояҳои  Истиқлолияти  давлатӣ, ваҳдати  миллӣ, пешгири кардани  гаравиши  ҷавонон  ба  ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ, пешгирии  зиёдаравию хурофотпарастӣ,  тарбияи  насли  наврас дар  руҳияи  ифтихори  ватандорӣ, ҳифзи марзу  буми  кишвар, анъанаҳои  миллӣ,таъриху  осори гузаштагон, пешгирии  таҷаҳҳуми афкори ифротгароӣ дар  байни  наврасону  ҷавонон,  инчунин  дастгирии  ҳамаҷониба  аз  иқдоми  беназири   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар  самти  тақдими китоби "Тоҷикон" ба  ҳар  оилаи  мамлакат, даври  якуми маҳфил-озмун таҳти  унвони «Нақши  китоби « Тоҷикон»-и  Бобоҷон  Ғафуров дар  шинохти  асолати  миллӣ» баргузор  намуда истодаанд.

       Дар  муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 26-и  ноҳия  баргузор гардид. Дар  озмун  45  нафар  хонандагони  синфҳои  10 ва 11 иштирок  доштанд.  12 нафар  иштирокчии  маҳфил-озмун доир  ба  моҳияти  таърих  ва  ватандӯстии  китоби «Тоҷикон»  нақл намуда, ба  саволҳои  иловагии  ҳакамон  ҷавоб  гардониданд.

      Ҳайати  ҳакамон  ба 3  нафар  довталаб, ки маҳорати хеле  хуб  нишон  дода   доир  ба  моҳияти  таърихӣ  ва  ватандӯстии  китоби «Тоҷикон»  ҳамчунин  ба  саволҳои  ҳакамон посухи дуруст  доданд  ғолиб  дониста  шуда,  ба  даври  ноҳиявии  озмун  пешниҳод  гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg