
ХУРОСОН: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати расонидани кумак дар сохтмони хонаҳои истиқоматии сокинони зарардидаи Ҷамоати деҳоти 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Р. бо ҷалби аъзо ва тарафдории ҳизбӣ ташриф оварданд.
Аз тарафи хизбиён барои бунёди хонаҳое, ки дар ноҳияи Вахш зарар дида буданд, дасти кумак дароз карданд. Дар ин кори хайр ҳизбиён саҳми худро гузошта, мардуми осебдида аз ин дастгириву ғамхориҳо миннатдор ҳастанд.