БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН-ЧАРОҒИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША: Тоҷикмстон ҳамчун давлати мусстақилу ҳуқуқбунёд ва демократииву дунявӣ зина ба зина мавқеи худро дар олами сиёсати ҷаҳонӣ устувор намуда, таввасути фарҳанги волои давлатдорӣ аллакай мақоми шоиста пайдо кардааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро узви ҷудонашавандаи хеш дониста, дар маъракаҳои муҳими сиёсии давлатҳои мутараққӣ намояндаи воломақоми кишвари моро даъват мекунад. Ин худ гувоҳи он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ба муқаррароти ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст.
Албатта,ягон кишвари мутамаддину пешрафтаи дунё дар шароити кунунӣ ором буда наметавонад. Аз як тараф, хатари терроризму ҷиноятҳои мухталиф, аз тарафи дигар шиддати бемайлони бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ водор менамояд, ки барои амнияти давлат ва мардум чораҳои муассир рӯи кор ояд.
Бо мақсади мусоидат ба раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз мушкилоти таъминоти барқ раҳо гардидан Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зарурияти бунёди Нерӯгоҳи барқии обии Роғунро ба миён гузошт.
Муроҷиатномаи Президент аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуд, зеро бе рушди энергетика расидан ба ормонҳои миллӣ ғайри имкон аст. Тоҷикистон наметавонад бо чунин имконоти Худодод ба сӯи дигар кишварҳо дасти ниёз дароз намояд. Моҳияти асосии иқдоми оқилонаи Сарвари давлат ба манфиати халқи тоҷик ва миллатҳои сокини кишвари биҳиштосои мо мебошад.
Ниёзи кишвар ва мардумро ба назар гирифта, Ҳукумат ба қароре омад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат Роғунро бисозад. Аз ин рӯ, дар роҳандозии ин сохтмони беназир саҳми мардум низ ба инобат гирифта шуд.
Хушбахтона, мардум бо датаҷамъӣ ҷиҳати харидории Саҳмияҳои Роғун тадбирҳои мушаххас андешида, бо охирин пасандозҳои хеш ба ободии Ватан мароқ зоҳир мекунанд.
Барҳақ, шоири зиндаёд устод Лоиқ гуфтааст:

Олам ҳама ҷо азиз, лекин барман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Ободии Ватан қарзи шаҳрвандии мост. Тоҷикистон бо ғурури Рустамонаи фарзандонаш Кохи нури Роғунро бунёд карда, тоҷи зарини рӯшноиро истиқбол хоҳад намуд, дилу дидаи Ватанро нури Роғун боз ҳам равшантар мекунад. Оре:

Кохи нури Тоҷикистон Роғун аст,
Манбаи ганҷи фаровон Роғун аст.

Мо умед бар он дорем,ки ин иншооти аср дари бахту саодатро ба мардуми кишвар кушода, омили пешрафти Ватан ва хушбахтии сокинони диёр мегардад. Минбаъд кишвари мо метавонад дар Осиёи Миёна ба мулки доро табдил ёбад.

С. Ғуломов. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg