БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби роҳнамо ба фардои дурахшони Ватан

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал бо сокинони деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ  вохӯрӣ доир намуданд.

Дар ин вохӯрӣ масъулинн дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолият ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолтарин ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва имрӯз тасмим гирифтааст, бо тамоми сокинони деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия вохӯрию сӯҳбатҳо доир намояд ва бо мақсади бозҳам наздик шудан ва робитаи пайваста доштан бо сокинон дар деҳаҳо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳад.

Инчунин, зимни суханронӣ моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию ифротӣ ва баргардонидани шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар ба ташкилотҳои террористию ифротӣ пайвастаанд, андешаронӣ карда шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ аъзову ҷонибдорони ҲХДТ аз иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор изҳори минатдорӣ намуда, барои таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳа бо номи «Роҳи нав» якдилона овоз доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg