ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳаи Чинори ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик баргузор гардид. Дар он ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин шарҳу тавзеҳи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид ва қабули аъзои нави ҲХДТ, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин деҳа мавриди барраси қарор гирифт.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок ва оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-майи соли 2018, суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид, муфассал маълумот дод. Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид сокини деҳа Довудов Ҷунайдулло андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш кард, ки бо қабули 5 нафар сокинони деҳа ба сафи ҲХДТ дар деҳаи Чинор ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шавад.