БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ВОЛОНТЁРОН

ФАРХОР: Дар шаҳри Норак аввалин дарси курси омӯзишӣ барои волонтиёрон - аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар МТМУ №1 – и  баргузор карда шуд.

Зимни баргузории дарси мазкур нотиқон атрофи мавзӯи “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусалаҳ қарзи ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан” чунин ибрози андеша намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити хеле вазнин таъсис ёфтааст. Сарфи назар аз мушкилоти зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоберо тай карда, таҷриба андӯхт ва имрӯз он яке аз артишҳои касбии минтақа ба шумор меравад. Имрӯз шароити хизмат дар сафи Қуввҳои мусаллаҳ хуб буда, рӯз ба рӯз шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, зиёд мегардад.

Мусаллам аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Ифтихорманду сарфарозем, ки имрӯз аксари ҷавононамон ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони имрӯза ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардони гузаштаи хеш содиқ монда, бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.

Падарону гузаштагонамон замони ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин анъанаи беҳтарини аҷдодонамонро бошарафона идома додаанд. Итминони комил дорем, ки ҷавононамон имрӯз ҳам ин анъанаҳоро содиқона идома медиҳанд.

Аз мутолиаи шоҳасари «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров маълум мешавад, ки халқи тоҷик дар таърихи худ ба ягон давлат ғараз надошт ва имрӯз ҳам ба ин хислати сулҳхоҳонааш содиқ аст. Халқи мо, имруз бо меҳнати созанда, ба бунёдкориву ободкорӣ машғул буда, дар солҳои Истиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Имрӯз вазъи печидаи ҷаҳон ва минтақа, бахусус амалҳои ҷинояткоронаи террористону экстремистон ва баъзе гурӯҳу созмонҳои бадхоҳ ба осоишу амниятамон таҳдид менамоянд. Аз ин лиҳоз, вазъи печидаву зудтағйирёбандаи ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳону минтақа давлату Ҳукумати кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ва ҷавононамонро водор месозад, ки баҳри ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу осоиш, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнати созандаву зиндагии шоистаи мардум ҳамеша омода бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg