
АНДЕША: Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳои сарнавиштсозе ҳастанд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, бо гузашти солҳо нақши таърихии онҳо бештару хубтар мегардад.
27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин ҳуҷҷат ифодагари пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ дар кишвар гардид. Маҳз бо кушишу талош ва ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қуллаи мурод расидем ва 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.
Сулҳу ваҳдат ва оштии милли. Зери ин ибораҳо маънии зиёде нуҳуфтааст ва ин маъниҳо ҳаёти хушу осудаи моро ифода намуда, ба мо бахту саодат ато менамояд. Нафаси хуши як лаҳзаи дунёи орому осуда чи қадар гуворост. Вақте ба чеҳраҳои шукуфони ҳамватанони азиз менигарам аз завқ меболам. Шукри ин зиндагии хурраму гуворо мекунам. Шукри он ки сулҳу дӯсти ва оромӣ дар Ватани азизу муқаддасам ҳукмфармост. Пеш аз ҳама сулҳу оромӣ, хуширо дар чеҳраҳои зебои модарон дида, худро аз банди ҳама ғаму ғуссаҳо озод ҳис мекунам. Аҷаб дунёи зебо ва шукуфост ин сулҳу ороми. Ва ин ҳама аз атои худованд ва созиши мардум аст. Созиши ақли солим. Он созише, ки 24 сол муқаддам моро бо машаққатҳо ва бурдборию ташабуси тарафайн насиб гардид. Ин созишест, ки онро оштии Милли мегуем, ва ин падидаи таърихи, ки аз ақли хирад, заковатҳо берун шуд, тамоми ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард ва то имрӣз мафтун сохт. Мо аз он ифтихор дорем, ки Сарвари оқилу фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомали Раҳмон тавонист ҳаёти осоиштаро ба миён оварда, тақдири халқу ватанро бо тадбирҳои нек, дурандешӣ ба мизони меҳру муҳаббати худшиносӣ баркашида, ҳал намояд. Зеро сулҳу оромӣ дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳамеша ҳосили ширин ба бор меорад.
Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз ҷашнҳои бузург ва муқаддаси миллати тоҷик, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ қарор дорем, ки он ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад.
Ваҳдат - мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Ваҳдату оштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз вартаи фаноӣ наҷот дод. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид. Ҳамин андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо сарбаландона расонид.
Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудои раҳо намуд ва ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонд.
Расидан ба Ваҳдати миллӣ боиси он гардид, ки миллат ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гардад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистонро кулли аҳли ҷомеа новобаста ба тамоюли сиёсӣ, эътиқод ва андеша ҳамчун санади тақдирсози миллат пазируфтанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун сарчашмаи сулҳу субот, ягонагию якпорчагӣ, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ пазируфта, муқовимати сиёсиро бо ризоияти таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишод дод.
Қадамҳои неку устуворона, сиёсати пайгиронаву хирадмандона, кӯшишу талошҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба қуллаҳои умед ва пирӯзӣ оварда расонид.
Ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бешубҳа оғози раванди эҳёи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳаракати Ваҳдати миллист.
Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб шарҳ додаанд, ки «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрузу ояндаи халқамон аст»
Таърихи инсоният борҳо собит намудааст, ки фақат ҳамон халқе ба қуллаҳои баланди мурод расида метавонад, ки бо ҳам дусту иттифоқ ва меҳрубон бошанд.
Аз ин хотир моро зарур аст, ки баробари шукргузориҳо аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон азму талошҳои худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем. Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ ва ҷудоиандозӣ ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон роҳ ёбад.
Сулҳу оромие, ки дар кишвари мо фароҳам омадааст, сарвати бебаҳо ва бузургтарин дастоварди халқамон буда, эҳтиёт ва ҳифз намудани он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Дар ин давраи пойдории сулҳу оромӣ дар кишвар, мардуми шарифи тоҷик тавонист, ки бо меҳнати аҳлона, бо корҳои созандагию бунёдкории худ ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардад.
Баргузории чорабиниҳо ва идҳои миллӣ дар баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии мардум, ободу зебо гардонидани симои шаҳру ноҳия ва деҳоти кишвар саҳми босазо гузоштанд.
Корҳои созандагию бунёдкорӣ, дастоварду пешравиҳои имрузаи мардуми шарифи тоҷик ҳиссиёту масъулияти баланди худшиносию ватандӯстӣ бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мо бо роҳи дуруст равонем ва боварии комил дорем, ки бо роҳи ҳидоятнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати мили, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона меҳнат намуда, ба мақсади наҷиб, ободию шукуфоии Ватани азизамон хоҳем расид.
Вазифаи муқаддаси мо, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давраҳои ҳассоси таърихи аз он иборат аст, ки насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди ватандустию хештаншиноси тарбия намуда, сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем ва рушди босуръати иқтисодиётро таъмин созем.
Бо ин ниятҳои нек, ҳамаи аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро бо фарорасии 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон сиҳатмандӣ, сарбаландӣ, хонаободӣ, комёбию муваффақият ва рӯзгори неку осуда орзу менамоям.
Абдуллоев В. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев В.