
Ёвон: Дар ноҳияи Ёвон маҷлиси навбатии Шӯрои собиқадорони ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он Саидзода Ҷамшед раиси ноҳия, узви КИ ҲХДТ, иштирок намуданд. Дар маҷлис аъзои Шӯрои мазкур раиси феълии худ Қутбиддин Сафархоловро боз ба муҳлати 2,5 соли дигар ба вазифаи раисӣ интихоб карданд.
Ёдрас мешавем, ки собиқадори соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Қ.Сафархолов аз соли 2014 инҷониб ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон фаъолият дорад ва дар ин муддат таҳти роҳбарии ӯ собиқадорони ҲХДТ дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида истодаанд.
Шӯрои собиқадорони ҳизб ба як қатор собиқадорони фаъол, ки дар тарбияи насли наврас ва тарғиби ғояҳои ватандӯстона нақши назаррас доранд, сипоснома тақдим намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раисони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ кард.