
АНДЕША: Зан нафаре аст, ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои ҳастии сайёра чун сутуни устувор бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Ӯ фариштаест, ки боли пурмеҳру нозашро барои башарият мекушояд. Вай арзишмантарин ва қиматтарин неъмати дунёст, ки манбаи муҳаббати беканору чашмаи мусаффояш ҳамчун махзани ганҷ барои башарият мебошад.
Аз ҳамин хотир аст, ки меҳри бепоён ва зебоиву навозишҳояш мо, инсонҳоро бо муҳаббати оламу одам ошно месозад. Дар васфи ӯ хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Месазад гуфт, ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои ва мавқеи зан дар ҷомеа мисолу масалҳои хубро баён кардаанд.
Аз вуҷуди зан тасвири коинот рангин мешавад ва аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагиву сӯзи дарун пайдо мегардад.
Мо бояд дониста бошем, ки барои зан ҳамчун модар фарзандон ва тарбияи онҳо дар зинаи аввал меистад, ки бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад ва ҳамеша хоҳони он аст, ки тифлаш бенуқс ба воя расида, мададгори ӯ гардад.
Модар дар ҳама ҳолат оромиву сиҳатмандӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, рӯҳияи тоза мегирад. Вале, мутаассифона, на ҳама вақт мо ба шарафу иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Арҷгузорӣ ва эҳтироми модарон қарзи фарзандии ҳар яки мо буда, бояд доимо омодаи хидматашон бошем.
Ҷаннат ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми Модарон аст.
Хоҳӣ ки ризои мо биёбӣ,
Он кун ки ризои Модарон аст.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ