ПАНҶ. Солимии миллат омили пешрафти давлату миллат ба ҳисоб рафта, тарғиби ҳифзи солимии миллат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муайян шудааст.
Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро иқдоми зарурӣ медонад.
Ин навбат масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони маҳаллаи Эчкаи ҷамоати деҳоти Меҳвар вохӯрии судманд гузарониданд.
Шомаҳмадзода Музаффар дар баромадаш қайд намуд, ки дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генофонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан ВНМО ва Гепотити С бисёр ташвишовар шудааст.
Ҳамасола 300-350 ҳазор одам танҳо аз бемории Гепотити С ба ҳалокат мерасанд. Бинобар ин ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ҷиҳати донистани бемориҳои сирояткунанда, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо маълумот дошта бошад.
Инчунин, зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди ҳунарҳои мардумӣ, оид ба терроризму экстремизм, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз сабабҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуда, мардумро барои ҳифзи солимӣ ва муборизаи мутташакилона бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа даъват ба амал оварданд.
Дар охир ба ташкилоти ибтидоии «Ободон» 12 нафар шомил гардида, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.