БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ СОЗАНДАГИСТ

Андеша: Ҳар сол 27 июн дар Тоҷикистони азиз ҷашни бузур таърихӣ –Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Вахдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Замоне, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бар асари мудохилаи неруҳои хориҷӣ ва мансабталошии баъзе гурӯҳҳои дохилӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтида, ҳамчун кишвари мустақил роҳи наҷот меҷуст, фарзонафарзанди ин миллат, марди хирад, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ ба сари қудрат омад ва бо пеш гирифтани роҳи сулҳ кишварро аз ин вартаи фалокатбор наҷот дод. Ӯ тавонист пеши роҳи ҷангро бигирад, миллатро аз парокандагию нобудӣ наҷот диҳад. Чи тавре бонуи сиёсатмадори тоҷик муҳтарама Махфират Хидирзода қайд намудааст: “Нақши таърихӣ ва тақдирсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки тавонист шамшери хуношоми ҷангро ба қалами ҷонбахши имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, парокандагиро ба сарҷамъӣ, нафрату бадбиниро ба муҳаббату самимият, харобаро ба гулгулшукуфоӣ, фақру нодориро ба баракату пешрафт иваз намуда, намунаи беҳтарини таҳаммулпазирӣ, футувват ва ватандӯстиро ба мардум нишон диҳанд.” Ҳақатан ин марди хирад тавонист дар кӯтоҳтарин муддат миллатро сарҷамъ намуда, роҳи дурусти ҳаётро нишон диҳад. “Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.”қайд намудаанд Пешвои муаззами миллат. Имрӯз ҳар фарди точик хуб дарк менамояд, ки ваҳдат асоси ҳастии ҳаёти ӯ буда, бидуни мавҷудияти он наметавонад истиқлолияти худро  таҳким бахшад. Ваҳдати миллӣ василаи бақо ва пойдории Ватани азизи мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон гардид, ки ба шарофати он ободиву созандагӣ беш аз пеш вусъат ёфт. Имрӯз сулҳи тоҷикон аз тарафи коршиносони ҷаҳон ҳамчун намунаи муваффақи сулҳофарӣ шинохта мешавад. Ба қавли собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.

 “Ҳар касе, ки ниҳолеро сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Ин ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша бар решаи он расад.”-

Асосгузори сулҳу вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муњтарам Эмомалӣ Рахмон,

      Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат ба сулху ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо мевахои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон мефахрем. Ҳар яки моро мебояд ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расида арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намуда сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба хизмати Модар- Ватан доимо омода бошем. Дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон низ саҳми босазои худро гузорем.

Сулҳу вахдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам

Дар миёни қавмҳо пайвастагй моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам...

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Сулаймонова Лола

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg