БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!

АНДЕША: Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки на ҳама кишварҳои рӯи олам ин дастоварди пурарзишро ба даст оварда метавонанд. Аммо бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳтарин ин дастоварди бузӯрг ба даст оварда шуд. Имрӯз Тоҷикистон дар 29-соли даврони истиқлолии худ, бо дастовардҳи зиёде ноил гардид. Аммо беҳтарин ва бузургтарини онҳо дарёфти сулҳу оштӣ мебошад. Тамоми комёбиҳои то ба имрӯз ба даст омадаи миллат аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ мебошад.

Бо зикри дастовардҳои 29 соли даврони соҳибистиқлолӣ ин нуктаро таъкид бояд кард, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои ҳаётии ба дастовардаи Истиқлолият таҳдид менамоянд. Онҳо пеш аз ҳама ба Истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти давлати мустақил, сохтори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоиштаи мардум, инчунин ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва арзишҳои пурқимати миллии мардуми тамаддунсози мо монеаҳои хатаровар эҷод мекунанд.

Пас, муборизаи мо бар муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар робита ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: «Дар натиҷа мо дар зарфи қариб се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад».

Имрӯз мо мардуми сарбаланди тоҷик бояд шукрона аз он кунем, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва амнияту осудагӣ ҳукумфармост. Бояд ҳар як фарди солимфикр барои рушди ин сарзамин талош намояд.

Расулов Толиб, сармутахассиси

шуъбаи молияи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg