БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРД

АНДЕША:   9-уми сентябри соли 1991 сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

 Ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

 Миллати сарбаланди мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.

Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Ибни Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту як сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд.

Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гўем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад кард.

Зеро барои расидан ба сулҳ ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.

Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарўзӣ мебурд.

Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати содиқонаву бунёдкорона аст.

Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромўзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст.

Мерганов Меҳроҷиддин-мудири шуъбаи

 омори Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg