БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОЧИКОН» ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Ш.ШОҲИН: 4-уми июни соли равон китоби Қаҳрамони Точикистон аллома Бобочон Ғафуров «Точикон», ки аз хисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи тачлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  туҳфаи идона  ба ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин дастрас карда шуд.

Аз ин иқдоми инсонпарваронаи Сарвари мамлакат тамоми хурду бузурги ноҳия бо як дили гарму руҳияи болида ба истиқболи  гурӯҳи кории Дастгоҳи ичроияи Президент баромада, онҳоро бо суруду тарона ва меҳмоннавозии самимона истиқбол намуданд.

Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳия вохурии гурӯҳи корӣ бо сокинон доир ба таъриху фарҳанги китоби “Тоҷикитон” дар масири исботи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун будани  миллати точик суҳбати судманду муфид доир гардид.

Гурӯҳи корӣ дар бораи мақсаду мароми Ҳукумати кишвар, аз чумла Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳо ва ғамхориашон нисбати давлату миллати точик ибрози ақида намуда, тақсимотро аз толори мачлисгоҳ оғоз намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg