БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯИ ОЗУҚАВОРӢ САҲМ МЕГУЗОРЕМ

А.ҶОМӢ: Имрӯз бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои МТМУ №62-и ноҳия  корҳои ташвиқотию тарғиботиро анҷом доданд.

Зимни мулоқот бо фаъолони ҳизб иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯриву мулоқот бо аҳлӣ, алалхусус бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Қушониён таъкид намуданд, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобастагӣ дорад. 

Бинобар ин самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ аз он иборат аст, ки мардум тамоми сол заминро бояд истифода бурда, ду-се  ҳосил  рӯёнида барои тирамоҳу зимистони дар пешистода захира намоянд.

Бояд қайд намуд,ки роҳбари кордону пурмасъул Суннатулло Ашуров, ҷиҳати таъмини иҷрои ластуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари корҳои таълиму тарбияи толибилмони муассиса, дар самти самаранок истифодабарии замин низ корҳои назаррасро ҷорӣ намуда дар ин самт 2 гармхонаҳои хурд  бунёд намуда аз ин гармхонаҳо сабзавотҳои барвақтӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва дигар намудҳои сабзавотро кишт мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg