БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР

АНДЕША: Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  рӯз то рӯз дар ин ё он  нуқтаи  кураи  замин  амалҳои  номатлуби  террористӣ  сар зада истодаанд. Ин амалҳои номатлуб таъсири худро каме ҳам бошад ба Тоҷикистони мо мерасонад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм ва экстремизмро чунин бахо додаанд. «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ  аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист  Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин аз ҷумла, ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».

Албата, муҳтавои  Паём пеш аз ҳама самтҳову масълаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои асосии кишварро дар бар мегирад. Аммо дар оғози Паём баррасии вазъи соҳаҳои ҷомеа ,вазъи мавҷудияти байналмиллалӣ ба таври мухтасар баён гардид. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла, давлатҳои исломӣ хеле мутташаниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам расидааст.

         Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона  ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. 

         Дар ин миён, алалхусус ,ташкилотҳои экстремистиву терористии  Ал-қоида, ДИИШ, Толибон ва ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардан мумкин аст, ки саркардагони онҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ бо шиорҳои  фиребона  ҳазорон  ҷавони ноогоҳро ба доми худ меафтонанд.  

Дар ин замина, мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ва ҳаёти мусалмонон  ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа  пешгирӣ намоем.

Мусоев Ҳусеён-мудири шуъбаи таблиғоти

Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg