
ХОВАЛИНГ: Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Халилзода Сафар Хоҷа бо мудири шубаи кор бо ҷавонони кумита Саймаҳмудов Исфандиёр ба маҳаллаи “Корвонгузар”- и шаҳри Кулоб рафта, аз ҳолу аҳволи хонаводаҳое, ки аз офати табиӣ зарардидаанд, аз наздик шинос шуда, кумкҳои яквақтаина низ расониданд.
Зимни боздид сокинон изҳор доштанд, ки ҳеҷ як хонавода аз мадди назари давлату Ҳукумат дур намонда, пайваста зери таваҷҷуҳи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дар ин сафар ба 5 – нафар сокинони аз офати табиӣ зарардида кумаки пулӣ расонида шуд.