БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҚИЛОНАВУ САРИШТАКОРОНА ИСТИФОДАИ ЗАМИН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК СОКИН АСТ

Н. ХУСРАВ:  Тибқи  Нақшаи -чорабиниҳои  тасидқгардида  бо   усули «Хона  ба  хона»  Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав     бо сокинони  деҳаи  Баҳор суҳбат намуда,   ба  сокинони деҳа  вобаста ба  ҳидоятҳои   Пешвои  миллат, Президенти  кишвар, Раиси  муаззами ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  моҳияти  аслии  онро дар  раванди  корҳои  созандагӣю  бунёдкорӣ, бахшида ба истиқболи  сазовор аз 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, бо  мақсади  тарбияи  ахлоқиву  маънавии  ҷомеа  нигаронида  буданашро   фаҳмониданд.

     Қайд  карда  шуд, ки  Пешвои  миллат аз  дастовардҳои  кишвар  дар  самти  истиқлолияти  озуқаворӣ  ва  бунёди  иқтидорҳои  нав  дар    соҳа    қайд  намуданд, ки  баланд  бардоштани  маърифати   оқилонаву  сариштакоронаи  истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва дар як сол гиринфтани се ҳосил, захираи дусолаи маводи хурока вазифаи ҳар  як  сокини  бо  нангу  ори  кишвар мебошад.  Ҳамчунин, татбиқии  ҳатмии қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  « Дар бораи  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Дар  бораи   масъулияти  падару  модар  дар таълиму  тарбияи  фарзанд», моҳияти  қонунҳои  миллӣ ва  дар  ин  замина  дуруст тарбия  намудани  насли  наврас  мулоқоту  суҳбатҳо   баргузор  намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg