БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИТОБИ « ТОҶИКОН»- АРЗИШГАРИ ВОЛОИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИК

Н.ХУСРАВ.  Бахшида  ба истиқболи  30-  солагии Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, таблиғи ғояҳои  ифтихори  миллӣ ва  ватанпарастии  ҷавонон,  ҳифзи  ҳуввияти  миллӣ, арзишҳои  волои  миллати  куҳанбунёди  тоҷик, баланд  бардоштани  сатҳи  маънавиёти  ҷавонон, бедор  намудани  ҳисси  худшиносии  миллӣ, таблиғи  дастовардҳои   миллӣ, мустаҳкам намудани  пояҳои  Истиқлолияти  давлатӣ, ваҳдати  миллӣ, пешгирии  ҷавонон  аз  ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ,  зиёдаравию хурофотпарастӣ,  тарбияи  насли  наврас дар  руҳияи  ифтихори  ватандорӣ, ҳифзи марзу  буми  кишвар, анъанаҳои  миллӣ,таъриху  осори гузаштагон,  инчунин  дастгирии  ҳамаҷониба  аз  иқдомиҳои  беназири   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар  самти  тақдими китоби "Тоҷикон" ба  ҳар  оилаи  мамлакат, даври  якуми маҳфил-озмун таҳти  унвони «Нақши  китоби « Тоҷикон»-и  Бобоҷон  Ғафуров дар  шинохти  асолати  миллӣ»  санаи  4-уми  июн  дар  муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 1-и  ноҳия  баргузор гардид. Дар  озмун  45  нафар  хонандагони  синфҳои  10-11-муассиса  иштирок  доштанд.  12 нафар  иштирокчии  маҳфил-озмун доир  ба  моҳияти  таърихӣ  ва  ватандӯстии  китоби «Тоҷикон»  нақл намуда, ба  саволҳои  иловагии  ҳакамон  ҷавоб  гардониданд.

  Ҳайати  ҳакамон  ба 3  нафар  довталаб, ки маҳорати хеле  хуб  нишон  дода,   доир  ба  моҳияти  таърих  ва  ватандӯстии  китоби «Тоҷикон»  ҳамчунин, ба  саволҳои  ҳакамон посухи дуруст  доданд,  ғолиб  дониста  шуда  ба  даври  ноҳиявии  озмун  пешниҳод  гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg