
КӮЛОБ: Дар ҳудуди шаҳр бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар рафти ҳашари мазкур дохили биноҳо, гирду атрофи муассисаҳо ва шафати роҳҳои марказии шаҳр аз ҷониби кормандони ташилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тоза гардонида шуданд.
Зимнан, ёдрас шудан ба маврид аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон сабз ва зебо гардрнидани ҳудуди шаҳр аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила идома хоҳад ёфт.