БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ПАЙРАВИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЁВОН: Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳия конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор карда шуд. Дар баргузории конференсия намояндагони ҷавонони касбу кори гуногун аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, донишҷӯёну омӯзгорони коллеҷу литсейҳои касбӣ техникӣ, волонтёрон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” беш аз 80 нафар иштирок намуданд. Дар кори конференсия панҷ маърӯзаҳои илмӣ барраси карда шуд. Конференсия аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода С. ифтитоҳ бахшида, суханро ба раиси Кумита Раҳматуллоев М. доданд.

Раҳматуллоев М. дар баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёни ин ҳамоишро хушомадед гуфта, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳамаи онҳо ва дар симои онҳо ба кулли ҷавонони Тоҷикистони азиз ин санаи фархундаро табрику муборакбод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg