БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

ЁВОН: Бо мақсади расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандон ва аъзои гурӯҳои табдиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори ҷамоати деҳоти ба номи гулсара Юсупова аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроия ва аъзоёни гурӯҳи вакилии ҳизбӣ  бо сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.

         Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода С. ва дигар аъзои гурӯҳи тарғиботӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Муовини раиси Кумитаи иҷроия Абдуллозода С. ба сухан баромада оид ба самтҳои афзалияиноки ҲХДТ ва нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат баромад намуданд.  Таъкид гардид,  ки миллати тоҷик бади ҳазорсолаҳо соҳиби давлати навин ва истиқлолияти давлати гардид, бинобар ин ҳар яки моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳои таърихро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

         Ҳамзамон дар вохӯри директори маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО Буриев М дар баромади хеш оид ба пешгирии бемории ВНМО сухан намуда, иброз доштанд, ки ин беморӣ сироятӣ буда, табобатнашаванда аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg