БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Анҷоми корҳои хайр низ ибодат аст!

НОРАК. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи озуқа” вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ муовини раиси  Кумитаи иҷроия ҳизби шаҳрӣ Савзалӣ Зоиров нуктаҳои муҳимро оид ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон таъкид намуда, қайд карданд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳастии миллати худро дар кадом ҳолате, ки бошад ҳифз карда тавонад ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд. Гарчанде, ки дар ин самт корҳои зиёди тарбиявию сиёсӣ бурда шуда бошанд ҳам, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар самти худшиносии милливу динии мо камбудиҳо хело зиёданд.    

Сипас, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Ф.Сафаров  оид ба ҳифз намудани арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, истеҳсол ва содироти маҳсулоти фаровони кишоварзӣ, ба таври кофӣ захира кардани хӯроки чорво барои аз зимистон солим баровардани чорво ва ҳифзи амнияти озуқавории  кишвар суханронӣ намуданд.                                            

Раиси ташкилоти ибтидоии зикргардида Нуралиев Аҳлиддин атрофи дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани корҳои хайр, обод кардани макони зист, кӯмак ба шахсони ниёзманду бемор баромад намуда, мардумро ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат даъват намуд.           

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg