
ДАНҒАРА: Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д ва кормандони Раёсати Молияи ноҳия дар назди бинои Раёсати Молия шанбегии дастаҷамъона баргузор намуданд.
Дар шанбегӣ масъулин якдилона ба корҳои созандагиву сарсабзгардонии ҳудуди бино машғул шуда, ба нарм намудани бехи ниҳолҳои ороишӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, тоза ва озода намудани атроф саҳм гузоштанд.