БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ ЗИМИСТОН!

Ҷ.Балхӣ: Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба истифодаи самараноки қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин, захираи маводи озуқа барои ду сол, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ваҳдат бо ҷалби фаъолзанони Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия вохурии навбатӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумита Сулаймонова Лола, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Маданият Умарова Зумрат иштирок дошта оид ба консервакунонии меваю сабзавот суҳбат намудаанд. Бо мақсади таъмини дастархон бо хӯришҳои гуногун дар фасли сармо занҳои маҳаллӣ чораҳои заруриро андешида истодаанд. Яке аз чунин ҳунармандони маҳал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ваҳдат дар Холиқова Соҳибҷамол мебошад, ки ҳамасола беш аз 400-500 намуди хӯришҳои гуногунро омода карда метавонад ва оилаҳои эҳтиёҷманди маҳаллиро дар фасли сармо таъмин менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg