
Ҷ.Балхӣ: Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баҳри баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳия амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” баргузор гардид. Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ суханронӣ намуданд.