БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА САР БА САР ТАН……..

АНДЕША: Дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое бо ном исломӣ ҳастанд, ки бо амалҳои терористиву экстримистии худ ҷони садҳо нафари бегуноҳро зери хатар  мегузоранд. Номҳои тероризм ва ифротгароӣ тӯли чанд соли ахир боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ниҳодҳои байналмилалӣ гардидааст. Фаъолияти гурӯҳҳои терористӣю экстримистӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам сабаби ба ҳам задани низоъҳои сиёсӣ, амнияту су

боти мардум, гардида истодааст.

Мутаасифона дар ҷомеаи имрӯза шахсоне ҳастанд, ки ба қадри Ватан-Модар ва ин сарзамини аҷдодӣ намерасанд. Бо ақидаҳои бебунёду ифротагароёнаи худ ҷомеаро ноором месозанд. Фаромуш кардаанд, ки ин миллат чандин маротиба имтиҳонҳои сахтеро бо мушкилиҳои душанд паси сар намудааст.  

Нону намаки Ватанро хӯрда, ба он носипосӣ кардан амали ноҷавонмардист. Моро зарур аст, ба қадри нону намаки давлат ва миллати худ бирасем ва ба душманони миллат ҷавобҳои сазовор диҳем. Бояд ҳар яки мо барои пойдории давлати соҳибистиқлол, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва амну осоиштагии он мубориза барем.

         Имрӯзҳо вазъи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар яки мо ҳушёриву зиракиро тақозо менамояд. Гурӯҳҳои бо ном исломӣ бо истифода аз дини мубини ислом ва бо ҳар роҳу васила хостгорӣ ҷангу ҷидол мебошанд. Мехоҳанд, ки шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони моро ба иѓвоангезиву низоъ барангехта, ҳадафҳои нопоки худро дар замири онҳо ҷой диҳанд. Инчунин, ба истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботу осоиштагии ин сарзамини пурганҷ халал расонанд.

         Аммо мо бояд ҳамеша омода бошем, ки ба чунин бадхоҳони миллат ҷавоби сазовор диҳем ва нагузорем, ки истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо, ки ба ҷонбозиҳои зиёд ба даст омадааст, аз дасти чунин нохалафон ба нестӣ равад.

         Ватан, оромиат оромии мост,

         Ҳама нокомиат нокомии мост.

            Ҳар яки мо ба мисли Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷуръати баланду нангу номуси миллӣ бояд дошта бошем. Ҳар яки амалӣ худро ба манфиати Ватан-Модар, ки ин ҳарду барои мо азиз аст, роҳандозӣ намоем. Ҳарчанд, ки ба даст овардани ваҳдату осоиштагӣ  ҳамвору яксон набуд, вале мо тавонистем ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом додем. Ҳар як фарди бонангу номус ва огоҳи ҷомеаи мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад. Вазифаи ҳар яки мо ҳимояи марзу бум ва рушду тарақӣ додани Ватан мебошад.

Ҳусейнзода Наврӯз, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg